Э. Буквич: «Тоҷикистон бо захираҳои обиаш кишвари сарсабз аст»

Ноябрь 19, 2014 14:15

Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Бароям шарафи бузург аст, ки дар ин кишвари зебоманзар қарор дорам,-чунин гуфт сафири тозатаъйини Босния ва Герсеговина Эдиб Буквич 18 ноябр пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Сафир зикр намуд, ки миёни Тоҷикистону Босния ва Герсеговина иқтидорҳои ҳамкорӣ хеле зиёданд. Ҳарду давлат тӯли 20-25 соли охир таърихи қариб якхела доштанд. Мо низ мисли кишвари Шумо аз марҳилаи душвори пурпечутоб гузаштем. Имрӯз мо метавонем дар арсаҳои мухталиф ҳамкориҳои муассир дошта бошем. Тавре ки Президенти Тоҷикистон зикр намуд, дар соҳаи энергетика иқтидори бузурги ҳамкориҳо мавҷуд аст ва ширкатҳои Босния ва Герсеговина дар соҳаи гидроэнергетика таҷрибаи ғанӣ доранд. «Ман мутмаинам, ки ширкатҳои Босния ва Герсеговина метавонанд дар тендерҳои лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон эълон мегарданд, ширкат варзанд. Тоҷикистону Босния ва Герсеговина бо захираҳои бойи обию энергетикӣ кишварҳои сарсабз ва хурраманд ва мо метавонем дар ин самт табодули таҷриба намоем», — гуфт дар анҷоми суҳбат Эдиб Буквич.

Ноябрь 19, 2014 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад