Э. Раҳмон: «Ҷонибдори интихоботи озоду шаффоф ҳастем»

Ноябрь 10, 2014 12:19

Душанбе, 10.11.2014.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидзода).- «Мо ҷонибдори интихоботи парламентие мебошем, ки бо роҳи алтернативӣ барпо гардад, то худи халқ тавонад намояндаи арзандаашро озодона интихоб кунад». Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш 5 ноябри соли равон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсонеро, ки дар интихобот иштирок менамоянд, даъват намуд, ки барои дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар барпо шудани ин маъракаи сиёсӣ -интихоботи парлумонӣ талош кунанд, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намояд. Бахусус Президенти кишвар ба сохторҳое, ки бо масъалаи гузаронидани интихобот марбутанд, супориш дод, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои озод баргузор гардидани интихоботи парламентӣ, мақомоти намоядагии маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд. Президенти ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки дар ҷараёни гузаронидани тадбирҳои пешазинтихоботӣ набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дар маҷмӯъ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва баланд бардоштани эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ масъулият дорем. «Шубҳае нест, ки интихоботи соли оянда ба мақомоти намояндагӣ мисли дигар чорабиниҳои сиёсии дар кишварамон баргузоршуда боз як омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъии халқи Тоҷикистон ва болоравии обрӯи кишварамон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил хоҳад ёфт», афзуд Сарвари давлати Тоҷикистон. Дар ин замина Президенти кишвар хотирнишон сохт, ки: «Мо ҳамеша ҷонибдори интихоботе мебошем, ки ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор гардад».  Мавриди зикр аст, ки бо мақсади такмили заминаи имкониятҳои баробари иштирок дар маъракаи интихоботӣ ба ҳамаи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон соли равон аз ҷониби вакилони парламенти кишвар ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки тибқи он андозаи гарави интихоботӣ панҷоҳ фоиз кам гардид. Меъёри мазкур ба номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон сабукӣ оварда, имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар интихоботи навбатӣ фаъолтар иштирок намоянд ва барои ноил шудан ба мақоми вакилӣ дар фазои демокративу баробар талош варзанд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи муқаррароти Конститутсия ва меъёрҳои қонунгузории кишвар интихоботи навбатии парлумонӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ на камтар аз 75 рӯзи ба анҷом расидани ваколати вакилони Маҷлиси намояндагон таъйин мешавад, ки он ба охири моҳи феврали соли 2015 рост меояд. Ҳамзамон интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ бо интихоботи Маҷлиси намояндагон дар як вақт сурат гирифта, интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ё худ палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон баъд аз 25 рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон гузаронида мешавад, ки он ба охири моҳи марти соли 2015 рост хоҳад омад. Мавриди зикр аст, ки Маҷлиси намояндагон -палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон доимоамалкунанда ва касбӣ буда, аз соли 2000 инҷониб фаъолият менамояд. Дар 63 курсии палатаи поёнии Парлумони мамлакат намояндагон аз аҳзоби сиёсии кишвар- Ҳизби Халқӣ — Демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нишаста, қонунҳо эҷод менамоянд. Моҳи феврали соли 2015 бо баргузории интихоботи навбатии парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколати вакилони Маҷлиси намояндагон низ қатъ мегардад.

Ноябрь 10, 2014 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд