Э. Раҳмон эътимодномаи У. Канчулиро қабул кард
Душанбе, 18.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қатори эътимодномаҳои сафирони навтаъйини 9 давлати ҷаҳон эътимодномаи Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Улиси Канчулиро низ қабул намуд.
Улиси Канчули пас аз супоридани эътимоднома дар ҳузури хабарнигорон ҳадафи асосии талошу кӯшишҳои минбаъдаашро пеш аз ҳама боз ҳам таҳким ва густариш бахшидани ҳамкориҳо ва муносибатҳои байни ду кишвар- Иёлоти Муттаҳидаи Мексика ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 маншаъ мегиранд, арзёбӣ намуд.
Сафири нави фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Мексика изҳори боварӣ намуд, ки барои таҳким ва рушду густариши муносиботи ду кишвари дӯст саҳми намоён гузошта, тамоми саъю неруи худро дар самти тақвияти равобити гуногунсоҳаи Мексикаву Тоҷикистон равона хоҳад кард.
«Дар оянда низ Мексика ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро дар асоси робитаҳои дуҷониба ва дар партави ниҳодҳову созмонҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои худро дар роҳи истодагарӣ ва ё мубориза алайҳи чолишҳои ҷаҳонӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим идома хоҳад дод. Чунин ҳамёриву ҳамкорӣ барои таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвар такони тоза мебахшад»,- иброз дошт сафири тозаинтихоб.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






