Эътирофи Тоҷикистон чун кишвари беҳтарини ислоҳотгар дар ҷаҳон
Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Мутобиқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ мавқеи Тоҷикистон дар самти “Пешбурди соҳибкорӣ барои соли 2015” 11 зина, яъне аз 177 то ба 166 зина боло рафта, нишондиҳандаҳои беҳтаринро дар ҷаҳон соҳиб шуд.
Аз ҷумла, барои комёб шудан ба ин натиҷа, саҳми болоравии бахши “Дастрасии соҳибкорон ба қарзҳо” 62 зина ва “Андозбандӣ” 15 зина муассир буд.
Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, чунин комёбӣ дар беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва баланд шудани рейтинги кишвар такони бузурге бахшида, дар фаъол гардидани ҷалби сармоя ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар нақши мусбат хоҳад бозид.
Ҳамзамон Бонкӣ ҷаҳонӣ ба он назар аст, ки андешидани чунин тадбирҳои судманд метавонад минбаъд низ барои беҳтар гардидани рушди бахши соҳибкорӣ дар кишвар имконияти фарох ба миён оварад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






