“Фалсафаи офариниши олам” — конфронси илмӣ
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Сабоҳат Қадамзода). -Имрӯз дар Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ дар мавзӯи “Фалсафа ва масъалаҳои ҳастишиносӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, прфессор Абдулвоҳид Шамолов, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов дар мавзӯи “Фалсафаи офариниши олам” маърӯза намуд.
Бояд гуфт, ки конфронси мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии фалсафа бахшида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






