Фаъол гардидани чанд коргоҳи нав дар Душанбе

Ноябрь 4, 2014 11:18

 
Душанбе, 4.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр).-Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи таҷлили 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСП «Комбинати шири Душанбе» Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон, Корхонаи истеҳсоли панирҳои ҳолландӣ ва равғанҳои маска ва Коргоҳи истеҳсоли зарфҳои пластикии якбормасраф ба истифода дода шуд. 
Бояд гуфт, ки таҷҳизоти ин коргоҳҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ буда, дар ҷумҳурӣ назир надоранд ва онҳо аз Федератсияи Русия, Маҷористон ва Олмон оварда шудаанд. 
Дар Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон 32 намуд маҳсулоти ширии кӯдакона, аз ҷумла йогуртҳои мевагии гуногун, батончикҳои творогӣ бо шоколад ва йодноккардашуда, сирок, шир бо шоколад, бо асал ва дигар мураббоҳо истеҳсол мешавад.
Иқтидори ин корхона дар як баст истеҳсоли 5 тонна маҳсулот мебошад ва дар он 52 нафар коргар кор мекунанд. Дар назди корхона озмоишгоҳи замонавӣ фаъолият мекунад, ки он бо дастгоҳҳои муосир  барои фавран муайян намудани касалиҳои сирояткунандаи таркиби маҳсулоти ширӣ муҷаҳҳаз аст.
Дар корхонаи истеҳсоли панирҳо ва маска 21 намуд маҳсулот истеҳсол мешавад. Инҳо панирҳо ва маскаҳои гуногун мебошанд. Иқтидори ин корхона бо коркарди шир дар як баст 10 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Шумораи коргарони корхона 50 нафар аст. 
Дар Коргоҳи истеҳсоли зарфҳои пластикии якбормасраф 32 нафар фаъолият карда, иқтидори он дар як баст 100 ҳазор зарфҳои пластики якбормасраф мебошад. 
Директори ҶСК «Комбинати шири Душанбе» Наврӯз Комилов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки то ин муддат ҶСК «Комбинати шири Душанбе» зарфҳои пластикиро аз хориҷи кишвар-Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид мекард. Бо кушода шудани коргоҳи истеҳсоли зарфҳои пластики якбормасраф мо имкон пайдо намудем, ки талаботи худро таъмин намуда, инчунин ба дигар ширкатҳои ниёзманди ватанӣ ин гуна зарфҳоро бо нархҳои нисбатан арзон дастрас намоем.
Маврид ба зикр аст, ки маблағи умумии хариди таҷҳизот ва роҳандозии он 14 млн. 560 ҳазор сомонӣ, маблағи харҷшуда барои корҳои сохтмонии ин корхонаҳо 6 млн. 240 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ бошад, он 20 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дод.
Маоши коргарон дар ин коргоҳҳо аз 1500 то 2000 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 

 

Ноябрь 4, 2014 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд