Фаъолияти мунтазами корхонаҳои ангишт дар давраи зимистон

Ноябрь 7, 2014 13:38

Душанбе. 07.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд намудани истихроҷи ангишт  ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015, таъмини Маркази барқу гармидиҳӣ бо ангишт ва аз ҳозир оғоз намудани корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016  кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Тавре ки дар ин бора аз котиботи вазорат хабар доданд, корхонаҳои соҳаи ангишт нақшаи солонаи истихроҷи ангишт ва уҳдадориҳои худро пеш аз муҳлат таъмин намуданд. 
Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани бистумин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми ноябри соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи ангишт истихроҷи ангиштро  ба зиёда аз 710 ҳазор тонна расониданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 262 ҳазор тонна зиёд  мебошад. 
Фурўши ангишт — 678 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 300 ҳазор тонна зиёд мебошад. Зиёд гардидани фурўши ангишт махсусан аз ҳисоби корхонаҳои саноатию энергетикӣ мебошад, ки ин 82,4 фоизи фурўш, аз ҷумла ба Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе зиёда аз 184,2 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Гуфта мешавад, ки захираи ангишти хушсифат дар анбор ва нуқтаҳои фурўши корхонаҳои соҳа  бо назардошти бақияи соли  сипаригардида 56 ҳазор тонна, аз ҷумла: дар кони ангишти “Фон-Яғноб”- 30365 тонна, “Шўроб”-7900 тонна, «Сайёд» -2559 тонна., «Назарайлоқ» — 4443 тонна  ва “Зиддӣ”- 3352 тоннаро ташкил додааст.
 
 

Ноябрь 7, 2014 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад