Г. Полтавченко: Квотаи донишҷӯёни тоҷик зиёд мешавад
Душанбе, 10.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Георгий Полтавченко дирӯз баъди мулоқот бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон чунин изҳори андеша намуд:
«Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо як силсила масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва беш аз ҳама, шаҳри Санкт-Петербург бо шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор додем. Ба назари мо захираҳои ҳамкорӣ байни ду шаҳр хеле зиёд ҳастанд, ба монанди электроэнергетика, чун шаҳри Санкт — Петербург дорои комплекси бузурги мошинистеҳсолкунӣ мебошад, ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи истеҳсоли маводи ғизоии босифат барои истеъмолкунандагони шаҳри Санкт- Петербург».
Тавре ки губернатори шаҳри Санкт-Петербург зикр намуд, минбаъд миёни сохторҳои гуногуни ин шаҳрҳо ҳамкории пурсамари бевосита, аз ҷумла дар самти омӯзиши забони русӣ ва ихтисосҳои коргарӣ дар шаҳри Душанбе ба муҳоҷирони кории эҳтимолӣ ва ба корхонаҳои мушаххас ба кор бурдану бо шароити зарурӣ таъмин намудани онҳо дар шаҳри Санкт-Петербург ба роҳ монда мешавад.
«Бештари мутахассисони дар айни замон дар соҳаи истеҳсолоту савдо фаъолияткунандаи Тоҷикистон дар муассисаҳои олии шаҳри мо таҳсил кардаанд. Дар айни ҳол дар муассисаҳои олии касбии Санкт-Петербург наздики 700 донишҷӯи тоҷик таҳсил дорад. Мо ният дорем, ки шумораи квотаҳоро барои донишҷӯёни тоҷик пеш аз ҳама дар донишгоҳҳои гуманитарӣ, махсусан дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳр зиёд кунем. Ҳамчунин дигар масъалаҳои ҳамкориҳо, дӯстии байниҳамдигарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикии стратегӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Мувофиқи созишномае ки мо бо шаҳрдории Душанбе ба имзо расонидем, муҳоҷиронро дар ҳудуди Тоҷикистон омода мекунем ва онҳо мувофиқи самти фаъолияти интихобкардаашон ба кор дар Русия ҷалб мешаванд»,-илова намуд Георгий Полтавченко.
Дар интиҳо губернатори шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳбарияти пойтахт ва умуман ба тамоми мардуми Тоҷикистон ҷиҳати меҳмоннавозии гарму самимиашон изҳори миннатдорӣ намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






