Гармидиҳии камхарҷ ба мактабҳои ВМКБ
Хоруғ 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Ширкати «Помирэнерҷӣ» дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Сафоратхонаи шоҳигарии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади сарфаи ҳарчи бештари неруи барқ ва нигаҳдории ҳарорати муътадил дар синфхонаҳо ба мактаби рақами 7-уми шаҳри Хоруғ гармкунакҳои нави барқӣ кумак намуд. Ин гармкунакҳои барқиро аз кишвари Олмон интиқол додаанд ва як тан аз мутахассисони ширкати мазкур бо мақсади омӯзиши шеваи кори ин гармкунакҳо ба ин кишвар фиристода шуд. Арзиши гармкунакҳои барқӣ 800 доллари амрикоӣ буда, бартариашон аз гармкунакҳои оддӣ дар он аст, ки баъди чанд соати кор хомӯш гардида, боз муддати 6-7 соат аз худ гармӣ ихроҷ мекунанд. Мутахассисони ширкат баён доштанд, ки мо кӯшиш мекунем сокинони шаҳрро дар 24 соат бо барқ таъмин кунем, аммо агар тасодуфан он қатъ гардад, ин гармкунакҳо то барқарор кардани барқ синфхонаҳоро гарм нигоҳ медоранд. Ҳамчунин ба воситаи онҳо қариб 50 фоиз камтар неруи барқ харҷ мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






