Гирифтани неруи барқ аз маданияти истифодаи он вобаста аст

Ноябрь 29, 2014 10:08

Душанбе, 29.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо эҳтиёҷоти аҳолӣ ба қувваи барқ зиёд гардида, зарурати маҳдудияти неруи барқ ба миён меояд. Дар   вилояти Суғд аз аввали моҳи октябр маҳдудияти неруи барқ ҷорӣ гардида, алҳол аҳолӣ дар аксар шаҳру навоҳии вилоят 6,5-7 соат дар як шабонарӯз барқ мегирад.
Тибқи иттилои  мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода:
 «Имсол аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, тибқи нақшаи меъёрӣ, барои эҳтиёҷоти вилоят дар як шабонарўз 7,5 миллион кВт/cоат, неруи барқ ҷудо гардид, ки ин нисбат ба соли гузашта 33 ҳазор кВт/соат кам аст. Алҳол дар аксари ноҳияҳои вилоят дар як шабонарӯз 7 соат неруи барқ интиқол дода мешавад, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум ва Истиқлол, ки ин шаҳрҳо асосан истеҳсолианду хонаҳои баландошёна доранд, вазъият беҳтар буда, иншооти ҳаётан муҳим, корхонаҳои истеҳсоливу давлатӣ бо барқи зарурӣ таъминанд».
Озифхон Шарифзода ҳамчунин гуфт, ки солҳои охир бисёр неругоҳҳои нав мавриди истифода қарор гирифта бошанд ҳам, дар баробари зиёд шудани иқтидори неруи барқ талаботи аҳолӣ низ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар баробари ин дар давоми соли ҷорӣ дар вилоят 129 корхонаи саноатии хурду калон мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳар сол дар вилоят 270 ҳазор м2 манзили истиқоматии нав бунёд гардида, садҳо иншооти нави тиҷоративу хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд, ки барои фаъолияти пурсамари онҳо барқ лозим аст. Fайр аз ин сатҳи зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтар шуда, имрӯз аз таҷҳизоти техникии ҳозиразамон бештар истифода мебаранд, ки ҳамаи онҳо бо барқ кор мекунанд. Тибқи ахбори расмӣ, дар давоми соли 2014-ум ба маблағи 120 миллион сомонӣ таҷҳизоти гуногуни барқӣ, аз ҷумла кондитсионеру яхдон, радиатору таҷҳизоти гуногуни хӯрокпазӣ ба вилояти Суғд ворид шудааст. 
«Дар маҷмӯъ, бо назардошти ҳамаи ин омилҳо талаботи вилоят ба неруи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 600 ҳазор кВт/соат дар як шабонарӯз афзудааст,-илова намуд манбаъ.
Бино ба маълумоти масъулин, дар фасли сармо нисбат ба тобистон талабот 2,5 маротиба афзун мегардад. Маълум мешавад, ки чанд соат гирифтани неруи барқ аз маданияти истифода низ вобаста аст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани ҳамкорӣ байни мардум, шунидани арзу шикоят ва ё дархости онон дар бобати хизматрасонии соҳаи барқ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят телефони боварӣ амал мекунад, ки ба таври шабонарӯзӣ дар хизмати мардум аcт.
Ҳамчунин  аз ҷониби масъулини шабакаҳои барқӣ дар аксари манотиқи вилоят телефони боварӣ ташкил шудааст.
 
 
 
 

Ноябрь 29, 2014 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!