Губернатори Санкт-Петербург ба Душанбе омад

Ноябрь 7, 2014 11:24

     Душанбе, 7.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шоми 6 ноябр губернатори Санкт-Петербург Георгий Полтавченко бо як ҳайати баландпоя ба Душанбе омад. Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» волии Санкт-Петербургро раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев истиқбол гирифт.
   Интизор меравад, ки Георгий Полтавченко — губернатори Санкт- Петербург имрӯз бо шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Душанбе ва Санкт-Петербургро матраҳ хоҳанд кард. 
 Герогий Полтавченко дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе ширкат намуда, ҳамзамон аз  қалъаи Ҳисор, неругоҳи барқи обии Норак, корхонаҳои «ТАЛКО»,  «Гулдастон», «Тоҷиктекстил», «Ноқили ТАЛКО», инчунин аз «Кохи Наврӯз», «Наврӯзгоҳ», «Кохи Сомон»  ва пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дидан хоҳад кард.
     Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари Георгий Полтавченко ба Душанбе ёддошти тафоҳум байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати  Санкт-Петербург дар заминаи ҳамкориҳо дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонида шавад. 
    Инчунин волии Санкт-Петербург ҳамчун рамзи эҳтиром ба тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ ва дар назди «Оташи ҷовидон», воқеъ дар Боғи Ғалабаи пойтахт гулчанбар мегузорад.    
 

Ноябрь 7, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад