Губернатори Санкт-Петербург ба Душанбе омад
Душанбе, 7.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шоми 6 ноябр губернатори Санкт-Петербург Георгий Полтавченко бо як ҳайати баландпоя ба Душанбе омад. Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» волии Санкт-Петербургро раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев истиқбол гирифт.
Интизор меравад, ки Георгий Полтавченко — губернатори Санкт- Петербург имрӯз бо шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Душанбе ва Санкт-Петербургро матраҳ хоҳанд кард.
Герогий Полтавченко дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе ширкат намуда, ҳамзамон аз қалъаи Ҳисор, неругоҳи барқи обии Норак, корхонаҳои «ТАЛКО», «Гулдастон», «Тоҷиктекстил», «Ноқили ТАЛКО», инчунин аз «Кохи Наврӯз», «Наврӯзгоҳ», «Кохи Сомон» ва пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дидан хоҳад кард.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари Георгий Полтавченко ба Душанбе ёддошти тафоҳум байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати Санкт-Петербург дар заминаи ҳамкориҳо дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонида шавад.
Инчунин волии Санкт-Петербург ҳамчун рамзи эҳтиром ба тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ ва дар назди «Оташи ҷовидон», воқеъ дар Боғи Ғалабаи пойтахт гулчанбар мегузорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






