«Гулшан» ҷашнашро таҷлил мекунад
Душанбе, 27.11.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Замоне дастаи ҳунарии «Гулшан» на фақат дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар саросари ҷаҳон овозадор буд. Оҳангҳои халқии «Дилбари ҷон», «Сокина», «Чеҳраи зебо», «Гулумой», «Чакра чакидан гирад» ва «Эй санам» то ҳол дар байни мардум шӯҳратёранд. Имрӯзҳо дастаи мазкур ба таҷлили 50 – солагии худ омодагӣ мегирад. Иштироки аъзои ҳукумат ва зиёиёни эҷодкор дар маросимҳои тантанавӣ бахшида ба солгарди ин дастаи ҳунарӣ, ки охири ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, дар назар аст. Дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов маҷлиси ботантана баргузор мегардад. Тавре ки роҳбари Иттиҳодияи гурӯҳҳои консертӣ Абдурасул Ҳалимов зикр намуд, дар ҳошияи таҷлили ин солгард барномаи консертии «Тавлиди дигар» дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев намоиш дода мешавад.Дар консерт ҳунарпешагони ҷавон Бахтиёр Иброҳимов, Суруш Холов, Фаридаи Бахтиёр, Зафар Абдуалимов, Сорбон Раҷабов ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.Ёдовар мешавем, ки аввалин дастаи эстрадии «Гулшан» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои вазирони ИҶШС моҳи майи соли 1964 дар назди Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони Тоҷикистон таъсис ёфта буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






