Густариши ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2014 13:39

Душанбе, 21.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле баъди мулоқот бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон андешаҳояшро чунин баён намуд:
«Мулоқоти имрӯза дар сатҳи хеле олӣ ва судманд анҷом ёфт. Ман бо Ҷаноби Президент дар навбати аввал чӣ тавр Иттиҳоди Аврупо метавонад дастгирии худро ба кишвари Шумо ба роҳ монад мавриди баррасӣ қарор додем. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, зербино ва амнияти минтақавӣ се самти афзали робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мебошаyд. Зимни мулоқот ин се масъаларо дар авлавиятҳои ҳамкориҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намудем», — афзуд  Ивета Григуле.
Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории иқтисодию амниятӣ таъкид дошта, изҳор намуд, ки Иттиҳоди Аврупо ва Парлумони Аврупо баҳри боз ҳам рушд додани ҳамкориҳо дар оянда манфиатдор аст, чунки кишвар ва минтақаи Шумо ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати амниятӣ хеле муҳим аст.
 
 
 

Ноябрь 21, 2014 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад