Густариши ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон
Душанбе, 21.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле баъди мулоқот бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон андешаҳояшро чунин баён намуд:
«Мулоқоти имрӯза дар сатҳи хеле олӣ ва судманд анҷом ёфт. Ман бо Ҷаноби Президент дар навбати аввал чӣ тавр Иттиҳоди Аврупо метавонад дастгирии худро ба кишвари Шумо ба роҳ монад мавриди баррасӣ қарор додем. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, зербино ва амнияти минтақавӣ се самти афзали робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мебошаyд. Зимни мулоқот ин се масъаларо дар авлавиятҳои ҳамкориҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намудем», — афзуд Ивета Григуле.
Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории иқтисодию амниятӣ таъкид дошта, изҳор намуд, ки Иттиҳоди Аврупо ва Парлумони Аврупо баҳри боз ҳам рушд додани ҳамкориҳо дар оянда манфиатдор аст, чунки кишвар ва минтақаи Шумо ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати амниятӣ хеле муҳим аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






