Гузориши Ҳомид Карзай

Ноябрь 20, 2014 14:13

Душанбе,20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-  Собиқ раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид  Карзай бо такя ба як китоби генерали амрикоӣ Даниел Болгер далели нокомии ҷанг дар Афғонистонро ба он марбут кард, ки Вашингтон “ба ҷойи он ки ба лонаҳои террористҳо равад, ҷангро алайҳи деҳот ва мардуми афғон шурӯъ кард. Далели дигараш ин буд, ки Амрико возеҳан як сиёсати дугонаро таъқиб кард». 
 
Душанбе,20.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои мақомоти суди кассатсионии Италия дар робита ба сипарӣ шудани муҳлати муқарраргардида парвандаи ҷиноятии сарватманди Шветсария Стефан Шмитхайниро қатъ намуд. Лозим ба ёдоварист, ки соҳибмулки ширкати «Итернит», ки ба истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ  машғул буд, ҳангоми тайёр кардани маҳсулот аз гаҷе истифода бурдааст, ки ба саломатии инсон зараровар буд ва  ҳатто ба марги одамони зиёд  сабаб шуд. 
 
Душанбе,20.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи  хабаргузории Ройтерз, раҳбари гурӯҳи Давлати исломӣ  дар паёмаш, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, хостори ҳамла ба Арабистони Саудӣ шудааст. Абубакр Ал-Бағдодӣ дар паёми аудиоии худ ба раҳбарони Арабистони Саудӣ бо суханони тавҳиномез ишора карда ва гуфтааст, ки инҳо фарзандони ҳарамайнанд, сари афъӣ ва манбаи беморӣ он ҷост. Ва низ гуфтааст, ки шамшерҳои худро ба ғилоф дароваред, бо зиндагӣ видоъ кунед. 
 
Душанбе,20.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар иёлати Ҳарянаи Ҳиндустон кормандони мақомоти полис роҳиби равияи «Гуру» Рампал Махараҷро барои аз соли 2006 бо ҷурми даст доштан дар куштор боздошт намуданд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми боздошти номбурда 200 нафар пайрави ӯ ба кормандони мақомоти полис муқовимат нишон додааст. Кормандони полис низ  бо мақсади пароканда кардани ошӯбгарон аз гази ашковар, оби фишораш баланд ва воситаҳои дигар истифода бурдаанд. 

Ноябрь 20, 2014 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст