Гузориши Ҳомид Карзай
Душанбе,20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Собиқ раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай бо такя ба як китоби генерали амрикоӣ Даниел Болгер далели нокомии ҷанг дар Афғонистонро ба он марбут кард, ки Вашингтон “ба ҷойи он ки ба лонаҳои террористҳо равад, ҷангро алайҳи деҳот ва мардуми афғон шурӯъ кард. Далели дигараш ин буд, ки Амрико возеҳан як сиёсати дугонаро таъқиб кард».
Душанбе,20.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои мақомоти суди кассатсионии Италия дар робита ба сипарӣ шудани муҳлати муқарраргардида парвандаи ҷиноятии сарватманди Шветсария Стефан Шмитхайниро қатъ намуд. Лозим ба ёдоварист, ки соҳибмулки ширкати «Итернит», ки ба истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ машғул буд, ҳангоми тайёр кардани маҳсулот аз гаҷе истифода бурдааст, ки ба саломатии инсон зараровар буд ва ҳатто ба марги одамони зиёд сабаб шуд.
Душанбе,20.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи хабаргузории Ройтерз, раҳбари гурӯҳи Давлати исломӣ дар паёмаш, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, хостори ҳамла ба Арабистони Саудӣ шудааст. Абубакр Ал-Бағдодӣ дар паёми аудиоии худ ба раҳбарони Арабистони Саудӣ бо суханони тавҳиномез ишора карда ва гуфтааст, ки инҳо фарзандони ҳарамайнанд, сари афъӣ ва манбаи беморӣ он ҷост. Ва низ гуфтааст, ки шамшерҳои худро ба ғилоф дароваред, бо зиндагӣ видоъ кунед.
Душанбе,20.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар иёлати Ҳарянаи Ҳиндустон кормандони мақомоти полис роҳиби равияи «Гуру» Рампал Махараҷро барои аз соли 2006 бо ҷурми даст доштан дар куштор боздошт намуданд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми боздошти номбурда 200 нафар пайрави ӯ ба кормандони мақомоти полис муқовимат нишон додааст. Кормандони полис низ бо мақсади пароканда кардани ошӯбгарон аз гази ашковар, оби фишораш баланд ва воситаҳои дигар истифода бурдаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






