Х.Дадобоев — довари вохӯрии ниҳой барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон
Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҳаками 33 — солаи ФИФА Хуршед Дадобоеви хуҷандӣ довари вохӯрии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаи «Истиқлол» — и пойтахт ва дастаи «Регар — ТадАЗ» шаҳри Турсунзода интихоб гардид.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи довари вохӯрии ниҳоӣ таъйин шудани Хуршед Дадабоев тасмим гирифтааст.
Дар вохӯрии ниҳоӣ доварон Ҳасан Каримов аз шаҳри Норак ва Ҳабибулло Нарзуллоев аз шаҳри Ҳисор ба Хуршед Дадобоев ёрӣ мекунанд. Мутахассиси пешбурди шуъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҷовидон Ҳасанов комиссари вохӯрӣ таъйин шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






