Хабаровск шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад

Ноябрь 12, 2014 12:06

Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ ).- Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Эллада», ки дар кишвари Хабаровск якчанд мағозаҳои бузург дорад, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба иҷрои кор даъват менамояд. Роҳбари хадамоти ташкили кор Евгения Михайлова зимни вохӯрӣ бо корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар ин бора хабар дод. Евгения Михайлова афзуд, ки муассисаи мазкур кормандонро бо манзил ва ҳуҷҷатҳои зарурии иҷозавӣ таъмин мекунад. Ба гуфтаи номбурда, шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб дар ин ҷо кор мекунанд. Мувофиқи хабари котиби матбуоти намояндагии ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов, алҳол ба унвонии намояндагӣ дархости дахлдор расидааст. Ҷамъияти зикршуда дар дархосташ хоҳиш менамояд, ки барои ба кор ҷалб намудани беш аз 200 нафар кормандон, аз ҷумла занону мардони синнашон аз 20 то 40 — сола мусоидат карда шавад. Қобили зикр аст, ки ба унвони намояндагӣ барои иҷрои кор дар мавсими нави соли 2015 аз минтақаҳои мухталифи Федератсияи Русия беш аз 20 дархост расидааст. Он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кор карданро доранд, метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ муроҷиат намоянд.

Ноябрь 12, 2014 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик