Хабаровск шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ ).- Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Эллада», ки дар кишвари Хабаровск якчанд мағозаҳои бузург дорад, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба иҷрои кор даъват менамояд. Роҳбари хадамоти ташкили кор Евгения Михайлова зимни вохӯрӣ бо корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар ин бора хабар дод. Евгения Михайлова афзуд, ки муассисаи мазкур кормандонро бо манзил ва ҳуҷҷатҳои зарурии иҷозавӣ таъмин мекунад. Ба гуфтаи номбурда, шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб дар ин ҷо кор мекунанд. Мувофиқи хабари котиби матбуоти намояндагии ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов, алҳол ба унвонии намояндагӣ дархости дахлдор расидааст. Ҷамъияти зикршуда дар дархосташ хоҳиш менамояд, ки барои ба кор ҷалб намудани беш аз 200 нафар кормандон, аз ҷумла занону мардони синнашон аз 20 то 40 — сола мусоидат карда шавад. Қобили зикр аст, ки ба унвони намояндагӣ барои иҷрои кор дар мавсими нави соли 2015 аз минтақаҳои мухталифи Федератсияи Русия беш аз 20 дархост расидааст. Он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кор карданро доранд, метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






