Хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ баробари 2 фоиз афзуд
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ ба аҳолии Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ беш аз 8,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 2 фоиз зиёд аст.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ба корхонаю ташкилотҳои расман ба қайд гирифташуда ба маблағи беш аз 4,3 миллиард сомонӣ хидмати пулакӣ расонида шудааст, ки ин 52,2 фоизи ҳаҷми умумии хидматрасониро ташкил медиҳад.
Аз моҳи январ то моҳи октябри соли равон ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар шаҳри Душанбе назар ба нишондоди миёнаи ҷумҳурӣ 4,6 баробар зиёд гардид.
Ҳамзамон ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар хадамоти алоқа 18,6 фоиз, Вазорати молия 16,6 фоиз, Вазорати нақлиёт 8,0 фоиз, Вазорати энергетика ва захираҳои об 13,2 фоиз коҳиш ёфтааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






