Хонаҳои сокинони пойтахт гарм мешаванд
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова ).- Конҳои кишвар марказҳои барқу гармидиҳии пойтахтро бо ангишту мазут таъмин мекунанд.
Мувофиқи суханони директори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Умаралӣ Ниёзов, алҳол созишнома дар бораи истифодаи ангишту мазути конҳои Зиддӣ ва Фон — Яғноб ба имзо расидааст.
«То имрӯз захираи мазут беш аз 6 ҳазор тонна ва ангишт 180 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад», — хабар дод Умаралӣ Ниёзов.
Ҳоло дар пойтахт омодагирии Маркази гармидиҳии шарқию ғарбӣ ба фасли зимистон босуръат идома дошта, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасон таъмир шудааст.
Мувофиқи маълумоти Умаралӣ Ниёзов, дар мавсими нави гармидиҳӣ хонаҳои ба роҳи асосии гармидиҳӣ пайвастшудаи сокинони пойтахт муттасил гарм карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






