Хонаи ятимон дар Тоҷикобод
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- Ҳафтаи гузашта маросими расмии мавриди истифода қарор додани хонаи ятимони «Ширинчашма» — и ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт баргузор гардид. Хонаи ятимон тибқи барнома ва ёрии молиявии сафорати ИМА дар Тоҷикистон бунёд шудааст.
Тавре ки аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин маросим раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Хоҷамир ва муовини роҳбари намояндагии сафорати ИМА Роберт Бёрҷес ширкат доштанд. Мақсад аз лоиҳае, ки хонаи ятимон дар ҳошияи он бунёд шудааст, бо манзил таъмин кардани ятимон ва хонандагони мактаб — интернат аст.
Иншооти мазкур хобгоҳ, дарсхонаҳо ва ошхонаро дар бар мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






