Хуҷанд: қитъаи замин барои 150 оила
Хуҷанд, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Субҳи имрӯз, 3 ноябр бахшида ба 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Суғд 150 оилаи шаҳри Хуҷанд соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуд. Ба ҳар як оила аз маҳаллаҳои нави 14 ва 15-уми шаҳр баҳри беҳдошти шароити манзил 6 сотихӣ замин тақсим шуд. Тавре ки аз маъмурияти роҳбарияти шаҳр иттилоъ доданд, дар маросими тақсимоти қитъаҳои замин раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки масоҳати умумии ду маҳаллаи нави шаҳр 8,58 гектарро ташкил дода, 600 метри мураббаъ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ, 11 гектар барои бунёди роҳҳо ва 19,5 гектари он барои бунёди боғу хиёбонҳо ҷудо шудааст.
Мувофиқ ба нақшаи генералӣ дар солҳои наздик дар ин ду маҳалла мактаб, боғчаи бачагона, чойхона, нуқтаи тиббӣ, варзишгоҳ ва чанд иншооти зарурӣ сохта мешавад. Дар навбати гирифтани замин боз зиёда аз 3 ҳазор сокини шаҳр дар қайд аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






