Хуҷанд: Озодии 105 нафар бар асоси Қонуни авф

Ноябрь 10, 2014 14:38

Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар асоси Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи авф»,  ки аз 24-уми октябр қабул шудааст, охири ҳафтаи сипаришуда аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд ва муассисаи ислоҳотии низомаш пурзӯр, воқеъ дар маркази вилоят 105 нафар маҳбуси ба муҳлатҳои гуногун маҳкумгардида ба озодӣ баромад, ки байни онҳо 4 нафар зан низ буд.
Тавре ки сомонаи расмии раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар маросими ба озодӣ баромадани зиндониёни авфшуда муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, генерал-лейтенант Изатулло Шарифзода изҳор дошт, ки ин авфе, ки нисбат ба маҳкумшудагон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, боварӣ дорам, ки дигарбора шуморо аз роҳи хато бозмедорад ва дар ҳаёти ояндаи худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб мекунед.

Ноябрь 10, 2014 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад