Иқдом барои тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Рӯзномаи «Вечёрка» — и пойтахт, БДА ВКД ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамчунин Созмони ғайриҳукуматии «Насли наврас» дар шаҳри Душанбе иқдом барои тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳро роҳандозӣ намуданд. Сарпарастии ин чорабиниро ширкати «Фароз» ба ӯҳда дошт.
Ин иқдом анҷоми лоиҳае буд, ки дар ҳошияи он озмуни ҷумҳуриявии расмҳо таҳти унвони «Шаҳри бехатар аз диди кӯдак» доир гардид. Ба озмун беш аз 250 офаридаҳои кӯдакон аз ҳамаи ноҳияҳои кишвар ирсол шуда буд.
Маросими мукофотонидани ғолибони озмун дар нигористони бадеии ба номи В.Одинаев баргузор гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






