Иҷлосияи ММ МО ҶТ баргузор мегардад
Душанбе, 20.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад.
Аз палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар мавриди муҳокима қарор дода мешавад.
Интизор меравад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи амният» ва «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ хоҳанд кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






