Идораи стратегии рушди инсонӣ
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ташаббуси факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва кафедраи менеҷменти раёсати илми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, бахшида ба 20-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли ҷорӣ дар мавзӯи «Идоракунии стратегии рушди инсонӣ» мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Бино ба иттилои котиби матбуоти донишкадаи мазкур Машҳура Абдуллоева дар мизи мудаввар муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров иброз дошт, ки дар шароити муосир истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ зарур буда, он имконияти ҷисмонию зеҳнӣ ва қобилияти истеҳсоли неъматҳои моддиро дар худ таҷассум мекунад.
Баъдан маърӯзаҳои Шавкат Бозоров, профессори кафедраи менеҷмент дар мавзӯи «Муаммоҳои идоракунии стратегии рушди инсон» ва Дилбар Амонова, профессор, мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи славянию русии Тоҷикистон дар мавзӯи «Асосҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири он ба рушди инсонӣ» шунида шуданд. Дар онҳо гуфта шуд, ки идораи захираҳои инсонӣ низоми мутақобилаи қарорҳои ташкилию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доир ба ташкили шароит барои амалнамоии муқаррарӣ, рушд ва истифодаи самараноки иқтидори қувваи корӣ дар сатҳи ташкилот мебошад. Захираҳои инсонӣ нисбат ба дигар захираҳо хусусияти хосса дошта,шуури ташаккулдодашуда ва натиҷаи истифодаи он ба худ хусусияти эҳтимолиро мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






