Ифтитоҳи фабрикаи паррандапарварӣ дар ҷамоати Чоргул
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).-Субҳи имрӯз дар ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Фабрикаи мурғпарварии Беҳамто» ба истифода дода шуд. Фабрикаи навбунёди паррандапарварӣ барои нигоҳдории 245 ҳазор сар парранда ба маблағи 5 млн. доллари ИМА дар майдони 13 га бунёд ёфта, дар 17 ангор чӯҷаҳо бо технологияи ҳозиразамоне, ки ба тариқи компютер идора мешаванд, дар муддати то 45 рӯз нигоҳдорӣ мешаванд. Дар ин муддат ҳар як мурғ то 1 кг 200 грамм вазн мегирад. Дар ин ҷо ба ҳисоби миёна ҳар моҳ 150 кг гӯшти парранда истеҳсол мешавад. Дар инкубатори фабрика якбора 315 ҳазор тухм барои чӯҷабарорӣ хобонида мешавад. Дар фабрикаи мазкур 80 нафар бо ҷои кор таъмин мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






