Ифтитоҳи корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Ёвон
Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боз як корхонаи коркарди пахта ба кор дароварда шуд, ки бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст.Тавре иттилоъ доданд, ин корхона дорои иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад.Барои қабул кардану нигоҳ доштани пахта ва ҳам бо сифати баланд коркард намудани пахта дар ин ҷо ҳама шароити зарурӣ муҳайё аст. Корхона аз ҷумла дорои тарозуи электронии 60 тоннагӣ, 4 майдончаи ғарамсозии пахта,анбору айвонҳо ва барои муайян кардани сифати маҳсулот озмоишгоҳи муосир мебошад.Дар ин корхона 75 нафар бо кор ва маоши миёнаи 1000 сомонӣ таъмин шудаанд.Дар паҳлӯи ин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи равғанкашӣ асос гузошт.Ин корхонаи дорои иқтидори солонаи коркарди 12 тонна пунбадона, дони офтобпараст ва ё лӯбиё дар як шабонарӯз буда, дар он 50 нафари дигар бо кор ва маоши 1000 сомонӣ таъмин мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






