Ифтитоҳи мактаби замонавӣ дар ноҳияи Ёвон

Ноябрь 12, 2014 13:03

Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар идомаи сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ташриф оварда, мактаби нави ҳамагонӣ барои 640 хонанда дар 2 бастро мавриди истифода қарор дод.Чунонки зикр гардид, ин мактаб аз ҷониби корхонаи муштараки сементи Хуаксин Ғаюр Сементи ноҳия бунёд ёфта, барои мардуми деҳаҳои Ҳасанӣ ва Дарагии ноҳия бунёд ёфтааст.Мактаб аз 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои физика, кимиё, биология ва синфхонаҳои лингофонӣ барои забономӯзӣ иборат аст. Ду синфхонаи дигар барои ҳунаромӯзии духтарону писарон бо мошинҳои дӯзандагӣ ва асбобҳои дуредгарӣ ҷиҳозонида шудааст.Мактаб ҳамчунин дорои толори зебои варзишӣ, ошхона ва дигар утоқу толорҳо мебошад.Роҳбари корхонаи муштараки сементи Хуаксин Ғаюр Семент Акбар Ғуломов уҳдадор шуд, ки то соли оянда боз як мактаби дигар барои 1300 хонанда дар ду баст ва як боғчаи кӯдакона сохта ба истифода медиҳанд.Дар саҳни мактаби нав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури аҳолии деҳоти атроф ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия суханронӣ намуда, аз ҷумла мактаби нави замонавиро туҳфаи арзанда ба муносибати солгарди 20-уми қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.

Ноябрь 12, 2014 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд