Ифтитоҳи Маркази илмӣ-тадқиқотии СХДО ВКД

Ноябрь 14, 2014 16:34

Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз вазири корҳои дохилӣ Р. Раҳимзода ба Маркази илмӣ-тадқиқотии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ (СХДО)-и ВКД ташриф оварда, дар кушодашавии расмии он иштирок намуд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки маркази мазкур аз се ошёна иборат буда, пурра навсозӣ ва таъмиру таҷдид гардида, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, техника ва лавозимоти хизматӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки вазири корҳои дохилӣ чанде пеш зимни боздид аз ҷараёни корҳои ободонӣ ва таъмиру таҷдиди марказ барои аз байни растаҳо гузаштан ва таъмин будан  бо мошинҳои хурд ба масъулини соҳа супориш дода буд.
Бинобар ин, дар саҳни ҳавлии Маркази илмӣ-тадқиқотӣ қолаби  бозорҳо, марказҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузошта шуда, дар он нақшаи чӣ гуна ва бо кадом роҳҳо сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ нишон дода шуд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсии Маркази илмӣ-тадқиқотии СХДО ВКД-ро ба хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят кард.
Дар айни ҳол дар ин марказ ду китобхона, майдони варзишӣ, ошхона, синфхонаҳо ва меҳмонхонаи барҳаво мавҷуд аст, ки бо тарзи замонавӣ таъмир гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ҳадаф аз таъсиси ин марказ муайян намудани сабаб ва омилҳои сӯхтор, таҳқиқу санҷиш ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. 
Ҳамчунин дар ин рӯз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз қисми навбунёди мустақили ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати бозори «Корвон», ки бо тамоми таҷҳизот муҷаҳҳаз ва ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шуд, боздид ба амал овард.
Қисми навбунёд дуошёна буда, бо ду адад нақлиёти оташнишонии муосир, қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, ҷои хоб, синфхона ва мошинсарой таъмин мебошад.
Дар саҳни бинои қисми навбунёди мустақили ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати бозори «Корвон» вазири корҳои дохилӣ дар назди ҳайати шахсӣ гуфт, ки вазифаи оташнишонон хеле пурмасъул буда, бехатарии шаҳрвандон ва молу амволи давлату миллат аз натиҷаи кори онҳо вобастагӣ дорад.    
Таъкид гардид, ки барои сайқал додани савияи дониши назариявию амалӣ ва такмили ихтисоси худ пайваста талош варзида, дар баробари хомӯш намудани ҳодисаҳои сӯхтор ва пешгиирии оташнишонӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ҷузъу томҳои мақомот дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҷинояткорӣ саҳмгузор бошанд.

Ноябрь 14, 2014 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад