Ифтитоҳи нуқтаҳои иловагии шиносномадиҳӣ дар Русия
Душанбе, 21.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти намояндагии дипломатии худро дар қаламрави Русия ҷиҳати бо шиносномаҳои биометрӣ таъмин намудани шаҳрвандонаш дар ин кишвар тақвият бахшид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Муҳаммад Эгамзод -намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ки бо назардошти муҳимияти ин маърака, бо дастури муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Озода Раҳмон чанде аз кормандони иловагии бахши консулӣ аз дастгоҳи марказӣ ба Сафорати Тоҷикистон ба Маскав фиристода шуданд. Онҳо якҷоя бо кормандони Хадамоти консулӣ дар ин самт фаъолият доранд. То замони мувофиқаи пурра бо мақомоти Русия ҷиҳати ифтитоҳи нуқтаҳои иловагии додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск ва Краснодар, кормандони иловагии бахши консулӣ дар Хадамоти консулгарӣ дар шаҳри Маскав, Консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа ба фаъолият фаро гирифта шудаанд.
Инчунин Ашраф Гулов-роҳбари Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба кормандони Хадамоти консулгарӣ дастур додааст, ки новобаста аз реҷаи корӣ хидматрасониро ба шаҳрвандони кишвар ҷиҳати дарёфти шиносномаи хориҷӣ роҳандозӣ намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






