Имрӯз Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад
Душанбе, 7.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов Рӯзи театри тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад. Театри мазкур пас аз таъмири пурраи чормоҳа дари худро барои мухлисон боз намуд. Дар ин рӯз нахустнамоиши спектакли «Оинаи ду даврон» манзур мешавад, ки ба қалами драмнависи шинохта Нур Табаров тааллуқ дорад ва онро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов рӯи саҳна овардааст.
Гуфта мешавад, ки асари мазкур аз ҳаёт ва эҷодиёти устод С. Айнӣ, муборизаву ҷонталошиҳои вай баҳри нумӯи фарҳанги навини халқи мо, рушду инкишофи он, мақому манзалати забони ноби тоҷикӣ нақл мекунад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат дар ин рӯз ҳамчунин 75- солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ҷашн гирифта мешавад ва ҳайати эҷодии театр бахшида ба ин рӯйдод армуғонеро омода намудааст.
Гуфта мешавад, ки дар интиҳои Рӯзи театри тоҷик аз ҷониби роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтарин ҳунарпешаҳои театр мукофотҳо супорида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар айёми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як анъанаи нек табдил ёфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драманависҳо, рассомон, бастакорон, тамоми аҳли театрии кишвар ҷамъ омада, аз дастоварду комёбиҳои эҷодии худ, бурду бохт, нақшаҳои оянда ибрози ақида мекунанд. Имсол яке аз рӯйдодҳои хотирмон дар таърихи театри тоҷик — ифтитоҳи бинои нави Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» мебошад, ки он дорои беш аз 200 ҷойи нишаст буда, макони нави фароғати ҳамдиёрону меҳмонони пойтахти кишварамон хоҳад гардид.
Метавон гуфт, ки дар масири 20 соли истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ, ҳисси миллии мардум, махсусан ҷавонон нақши муҳим бозида, дар ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти рисолати таърихӣ ва густариши эҳсоси ватандорӣ таъсири амиқ мегузорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






