Ирландия дар татбиқи лоиҳаҳои Тоҷикистон нақши босазо мегузорад
Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ирландия ҳарду кишварҳои мутаносибан ҷавон маҳсуб мешаванд ва дар бунёди заминаҳои давлатдорӣ ҳарду таҷрибаи яксон ва ё мушкилоти яксон доштанд. Ин нуктаро 18 ноябр сафири нави Ҷумҳурии Ирландия Оун О’Лири пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт. «Шарафмандам, ки ҳамчун сафири Ирландия дар Тоҷикистон эътимодномаи худро ба Сарвари давлати Тоҷикистон супоридам. Мо дар раванди мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзӯъҳои фарогири доираҳои васеи ҳамкориҳоро мавриди муҳокима қарор додем», — гуфт Оун О’Лири.Ӯ зикр намуд, ки дар ин мулоқот Президенти Тоҷикистон доир ба иқдомҳои мушаххаси Ҳукумати ин кишвар ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ маълумоти дақиқ пешкаш намуд. «Ҷумҳурии Ирландия яке аз 28 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, имрӯз аз он хушнуд аст, ки дар татбиқи барномаи мушаххаси ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо дорад ва минбаъд ҳам дар раванди татбиқи лоиҳаҳое аз ҳисоби маблағи ҷудонамудаи Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 251 миллион евро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда нақши босазо хоҳад гузошт», — тазаккур дод сафир. Оун О’Лири афзуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Ирландия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ хеле баланд ва мусбат арзёбӣ мешаванд. Имрӯз Тоҷикистон ва Ирландия дар ҳошияи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо робитаҳои зич ва густурда доранд. Инчунин робитаҳои муассир дар доираи СММ низ ба назар мерасанд. «Ман ҳамчун сафири фавқулода ва мухтори тозатаъйини Ирландия дар Тоҷикистон тасмим гирифтаам, ки баҳри таҳкими бештари ҳамкориҳоямон дар соҳаҳои тиҷорат, туризм ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ кӯшиш ва талош намоям. Ба роҳбарияти Тоҷикистон ва мардуми он бурдборӣ, комёбиҳои тоза ва сулҳу субот таманно намуда, умед бар он дорам, ки мо кишварҳои дӯсти Тоҷикистон ва мардуми Ирландия дар солҳои оянда шоҳиди пешрафт, рифоҳ ва шукуфоии ин кишвар мегардем», — изҳор дошт Сафири Ирландия.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






