Иштироки Қ. Расулзода дар ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ
Душанбе, 04.11.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар рўзҳои таҷлил аз 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар шаҳри Роғун бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода як зумра иншооти нави замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Сарвазири мамлакат нахуст дар расми ифтитоҳи бинои нави замонавии барои осорхона, китобхона, мактаби мусиқӣ ва маркази эҷодии кўдакону наврасон, пешбинишуда иштирок кард. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 27 утоқи кории барҳаво мебошад.
Тавре ки зимни ифтитоҳи бинои мазкур таъкид гардид, бо бунёди ин бино мушкилоти нарасидани биноҳои муосир барои фаъолияти муассисаҳои бахши фарҳангу маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти иҷрояи шаҳри Роғун бартараф мегардад.
Ҳамчунин дар ин рўз бинои нави суди шаҳри Роғун мавриди истифода қарор дода шуд. Ин бино бо харҷи беш аз якуним миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири корӣ мебошад.
Дар рўзҳои таҷлил аз 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар ин рўз бо иштироки Сарвазири мамлакат барои сокинону меҳмонони шаҳри Роғун меҳмонхонаи барҳавои сеошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Меҳмонхона аз 3 ошёна иборат буда, бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бунёд ва барои 20 рахти хоб пешбинӣ шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






