Иштироки Қ. Расулзода дар ифтитоҳи иншооти муҳими шаҳри Хоруғ

Ноябрь 13, 2014 17:02

Душанбе, 13.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Рўзҳои 12-13 ноябри соли  2014 дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  дар маркази вилоят- шаҳри Хоруғ дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти муҳими таъйиноти гуногун иштирок кард. 
12 ноябр бо иштироки Сарвазири мамлакат дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ бинои нави таваллудхонаи вилоятӣ барои 50 ҷойи хоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сохтмони бинои мазкур аз ҷониби ҶДММ «Монолит» бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 оғоз гардида, бо харҷи беш аз 8,5 млн сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Бинои нави таваллудхона аз чор ошёна иборат буда, бо тарҳу намои муосир бунёд ва бо навтарин таҷҳизоти тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Сохтмони муассисаи тиббӣ бо дастур ва супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти табобати бемориҳои занону кудакон ва афзун намудани имкони наҷоти саривақтии модару кўдак  мусоидат хоҳад кард.
Дар ин рўз бо иштироки Сарвазири мамлакат ҳамчунин бинои нави хобгоҳ барои ҳайати устодон  ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин бино дар мавзеи бунёди шаҳраки донишҷӯён, ки бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда ба мавзеи замонавӣ ва созгор барои устодону донишҷўёни донишгоҳ табдил хоҳад ёфт, қомат афрохта, дуюмин хобгоҳ барои ҳайати кормандон ва муҳассилини ин муассисаи олии таълимӣ ба ҳисоб меравад. Бинои хобгоҳ бо харҷи беш аз ҳафт млн. сомонӣ бунёд гардида, барои 250 нафар пешбинӣ шудааст. Бино дорои шароити муосири таълимию истиқоматӣ буда, ҳуҷраҳои зист ва толорҳои хонишу варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва муосир таъмин  шудаанд. 
Дар партави таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шароити зисту фаъолияти кормандони мақомоти қудратӣ дар ин рўз дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматӣ барои 32 нафар корманди мақомоти амнияти вилоят ва оилаҳои онҳо  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин барои  дастаи таъйиноти махсуси раёсати корҳои дохилӣ  дар ВМКБ ва хизматчиёни ин воҳиди махсуси мақомоти корҳои дохилии вилоят  бинои нави  маъмурӣ ва хобгоҳи замонавӣ барои 100 нафар ба истифода дода шуд. Ҳайати ҳукумати мамлакат ҳамзамон дар ин рўз аз   мавзеи Теми поёнии шаҳри Хоруғ, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда ба шаҳраки  наву муосири  аҳолинишин табдил дода мешавад,  дидан кард. Дар айни замон барои бунёди шаҳраки нав дар ин мавзеъ гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ, харитасозӣ, муҳандисию геологӣ ва меъморию шаҳрсозӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар анҷоми сафари корӣ ба ВМКБ дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят  машварати корӣ доир шуд.Дар машварат аз ҷумла натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят  дар давоми 10 моҳи соли равон мавриди муҳокима қарор гирифта, дар назди масъулин ҷиҳати  боз ҳам беҳтар гардонидани шароити  зисти сокинони вилоят ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Ноябрь 13, 2014 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд