Иштироки донишҷӯёни тоҷик дар ҷашнвораи Маскав

Ноябрь 17, 2014 15:30

Душанбе,  17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат ).-  Бо  дастгирии раёсати  округи  маъмурияти ҷануби  ғарбӣ  ба  ифтихори  Рӯзи  байналмилалии  таҳаммул  ва Рӯзи  байналмилалии  донишҷӯ  дар Донишгоҳи  дӯстии   халқҳои  Русия  воқеъ дар  шаҳри  Маскав Ҷашнвораи анъанавии донишҷӯён  таҳти  унвони  «Маскав  моро  дӯст  кардааст»  баргузор  гардид.
Дар  ин  бора   намояндаи  расмии  Сафорати  ҶТ  дар  ФР  Муҳаммад  Эгамзод ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод.
Назар  ба иттилои  манбаъ, донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи  мазкур  дар  ҷараёни   ҷашнвора   кишвари  моро  ба таври  шоиста   намояндагӣ  карданд. 
Дар  ин  маросим  вакилони Думаи  шаҳри  Маскав,  аъзои Палатаи ҷамъиятии  Федератсияи  Русия,   намояндагони  сафоратҳои  кишварҳои  ИДМ  ва намояндагиҳои  доимии  ҷумҳуриҳои  Федератсияи  Русия дар  назди Президенти ФР  ва  Иттифоқи ҷамоаҳои донишҷӯёни  шаҳри  Маскав  ширкат  доштанд. 
Кормандони  масъули  Сафорати  Тоҷикистон  дар  ФР, ки  дар  ҷашнвора  ширкат  доштанд,  ба  саволҳои  донишҷӯён посух  дода,  ба шароити таълим  ва будубоши  онҳо  мароқ  зоҳир  намуданд. 
Дар  ҳошияи  суҳбат  тасмим  гирифта шуд, ки  мулоқоти   сафири  ҶТ  дар  ФР  Имомуддин  Сатторов бо  донишҷӯёни  тоҷики Донишгоҳи дӯстии  халқҳои  Русия ташкил  карда шавад. 
Назар  ба  иттилои  манбаъ, алҳол дар  ин донишкадаи  олии  Русия қариб  200  нафар  донишҷӯёну  аспирантҳои  Тоҷикистон таҳсил  менамоянд.

Ноябрь 17, 2014 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд