Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия

Ноябрь 26, 2014 18:10

Душанбе, 26.11.2014 (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор шуд, ки дар кори он сарони ҳарду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан иштирок намуданд.Дар ин анҷуман наздики 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия, намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар ду давлат иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, изҳори бовар намуд, ки ин нишаст натиҷаҳои судманд хоҳад дошт.Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, соддагардонии қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ корҳои назаррас анҷом ёфта, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.Дар ифтитоҳи анҷуман ҳамчунин Президенти Чехия Милош Земан сухан ронда, аз пазироии самимии Тоҷикистон арзи сипос кард ва ҳам бо ёдоварӣ аз имконоти фарохи мавҷуда соҳибкорони ду кишварро ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд ташвиқ намуд.Кори анҷуман бо суханронии дигар масъулини ду ҷониб ва бо нишастҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду давлат идома ёфт. Як зумра тавофуқоти муҳим бевосита миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику чех ҳосил шуд.

Ноябрь 26, 2014 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад