Иштироки Муҳаммадиев ва Аҳмедов дар конфронси ФИФА
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев ва директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Аҳмедов дар конфронси муштараки Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол, Конфедератсияи футболи Осиё ва Конфедератсияи футболи Океания барои сармураббиҳои дастаҳои мунтахаби миллӣ ва директорони техникии федератсияҳои миллии футбол аз рӯи натиҷаи мусобиқоти ҷаҳон – 2014 дар Бразилия иштирок намуданд. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, конфронс дар пойтахти Малайзия шаҳри Куала — Лумпур баргузор шуд. Конфронс, ки дар ҳар ду сол як маротиба доир мегардад, барои мураббиҳо имконияти хуберо ҷиҳати муҳокимаи тамоюлҳои охир ва табодули таҷриба фароҳам овард. Ин дафъа конфронс ба мусобиқоти ҷаҳон – 2014 дар Бразилия, ки бо ғалабаи дастаи мунтахаби Олмон анҷом ёфт, бахшида шуда буд. Мутахассисон тайи се рӯз ҳисоботи гурӯҳи таҳлили техникии ФИФА – ро мавриди муҳокима қарор дода, мусобиқотро аз нигоҳи усулию тактикӣ таҳлил карда, тамоюлҳои охирини футбол ва касбияти мураббиҳоро баррасӣ намуда, мусобиқоти ҷаҳонро ба дараҷаи баланд арзёбӣ карда, ҳамчунин ба масоили тиб ва доварӣ дахл карданд. Ҳамаи ин бояд ба рушди футбол дар Осиё ва Океания мусоидат намояд. Ёдовар мешавем, ки ФИФА конфронсҳои таълимию усулиро бахшида ба мусобиқоти ҷаҳон – 2014 дар конфедератсияҳои мухталиф доир менамояд, ки иштироки ҳамаи ассотсиатсияҳо дар онҳо иҷозат аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






