Иштироки Ш.Зуҳуров дар ҷаласаи СААД
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Елена Батенкова).- 6 ноябр дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои маҷмаи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Тавре ки аз парлумони кишвар хабар доданд, дар ин чорабинӣ раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Сергей Наришкин, Муншии умумии СААД Николай Бордюжа, ҳамчунин аъзои доимии Шӯрои маҷмаи парлумонии СААД иштирок менамоянд. Шӯрои маҷмаи парлумонии СААД дар арафаи ҷаласаи ҳафтуми умумии он, ки бояд 27 ноябри соли 2014 дар шаҳри Санкт – Петербург баргузор шавад, доир мегардад. Аъзои Шӯрои маҷмаи парлумонии СААД натиҷаи иҷлосияи тобистонаи маҷмаи парлумонии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) – ро, ки аз 28 июн то 2 июли соли 2014 дар шаҳри Боку баргузор шуда буд, мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Парлумони Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва раиси кумитаи маҷлиси намояндагон оид ба қонуну тартибот, мудофиа ва амният Амирқул Азимов намояндагӣ мекунанд.Дар ҷараёни ҷаласа ҳайати Арманистон дар бораи вазъияти Қафқози Ҷанубӣ ва минтақаи марбут ба СААД маърӯза мекунад.Раиси «Вулуси Ҷирга» (палатаи поёнии) Парлумони Афғонистон Абдулраъуф Иброҳимӣ аз вазъияти Афғонистон баъди интихоботи президент иттилоъ медиҳад. Шӯрои маҷмаи парлумонии СААД ҳамчунин масъалаи «Дар бораи Муроҷиатномаи сарони парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД ба халқҳои кишварҳои Созмон ва аҳли ҷамъияти ҷаҳон ба муносибати 70 – умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945» — ро баррасӣ менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






