Искандар Раҷабов- роҳбари нави ансамбли “Лола”
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Искандар Раҷабов, роҳбари нави Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” ба номи Ғаффор Валаматзода таъйин гардид.
Гуфта мешавад, ки Искандар Раҷабов хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мебошад.
И. Раҷабов пеш аз ин ба ҳайси директори Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ ба номи Малика Собирова фаъолият менамуд ва бо фармони вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода ба вазифаи роҳбари Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” ба номи Ғаффор Валаматзода таъйин гардид.
Ҷамшед Исмоилов, ки роҳбарии ансамбли мазкурро бар уҳда дошт, ба вазифаи муовини директори гурӯҳи “Базморо” таъйин шуд.
Искандар Раҷабов ҳамчунин солҳои зиёд дар Театри давлатии академии ба номи опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҳамчун устоди санъат, басаҳнагузорандаи асарҳо ва инчунин ба ҳайси ҳунарманд дар саҳнаҳо нақшофарӣ мекард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






