Ислом аз нигоҳи қонун
Душанбе, 7.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Масоили муҳими иҷтимоӣ, ҳаёти ҷомеа, Ислом аз нигоҳи Қонун, нигоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ислом дар мулоқоти ходимони дини шаҳрҳои Конибодому Исфара, ки дар шаҳри Конибодом баргузор гардид, матраҳ шуд.
Бояд гуфт, ки дар мулоқот муовини раиси шаҳр Б.Ҷабборӣ, мудири шуъбаи кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — Абдуҳаким Шарипов, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода иштирок карда, роҷеъ ба иштироки муллоҳо дар хондани хутбаи никоҳ, либоси махсус доштани ходимони дин, дуруст фаҳмонидани дини Ислом ба ҷавонон дар масҷидҳо, тарбияи фарзанд ва дигар муаммоҳои ҷойдошта ибрози назар намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ба ходимони дин супориш дода шуд, ки дар пешрафти ҳаёти ҷомеа фаъолона ҳиссагузор бошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






