Ислом ва озодандешӣ дар фарҳанги миллӣ

Ноябрь 25, 2014 15:48

            Душанбе, 25.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 27 ноябр дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии  илмӣ-амалиро дар мавзӯи  «Ислом ва озодандешӣ дар фарҳанги миллӣ» баргузор намояд.
           Аз Маркази миллии исломшиносӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар кори конфронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону масъулини ниҳодҳои пажӯҳишии кишвар, олимон, мутахассисону коршиносони масоили динӣ даъват гардидаанд.
          Интизор меравад, ки дар ҷараёни конфронс иштирокдорони он паҳлӯҳои марбут ба ислом, озодандешӣ дар фарҳанги миллӣ ва мушкилоти озодандешӣ дар шароити эъмори ҷомеаи дунявиро баррасӣ хоҳанд кард.    

Ноябрь 25, 2014 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!