Истеҳсоли маҳсулоти табиию табобатӣ дар ДП Хуҷанд
Душанбе, 13.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дидан карда, дар ифтитоҳи бинои нави замонавии ин даргоҳи маърифат иштирок намуд.
Бинои мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маблағҳои захиравии Донишкада ва саҳмгузории ширкати “Тиниал” бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ дар давоми шаш моҳ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бинои нави таълимӣ аз се ошёна, синфхонаҳои барҳаво барои 450 нафар ва толори лексионӣ барои 200 нафар иборат мебошад.
Ба раиси вилоят корҳои илмии шогирдон дар мавриди таҳияи барномаҳои ҷолиби таълимию омузишӣ писанд афтод. Яке аз чунин барномаҳои муфид тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар барномаҳои офисӣ мебошад, ки беш аз 70 миллион калимаро дар бар мегирад. Ин барнома барои доираи васеи истифодабарандагон пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон бо ифтитоҳи парки технологӣ дар донишкада ба истеҳсоли тахтаҳои электронӣ оғоз кардааст, ки барномаи кори ин тахтаҳо пурра ба забони тоҷикӣ гардонда шудааст. Ин тадқиқот низ аз ҷониби худи устодон ва донишҷӯёни донишкада роҳандозӣ шудааст.
Дастоварди дигар тафтиши автоматикии орфографӣ буда, ин дастовард низ дар кишвар васеъ паҳн шуда истодааст. Бастаи ин барнома алҳол харидорони зиёд дорад.
Ихтирои дигари аҳли донишкада нуқтаи маълумотдиҳӣ мебошад, ки миёни мақомоти иҷроия ва шаҳрвандон робитаи электрониро ба роҳ мемонад. Дар синфхонаи лабораторӣ раиси вилоят ба фаъолияти донишҷӯён дар мавриди омӯзиш ва истифодаи манбаъҳои истеҳсолкунандаи энергия баҳои қаноатманд дод, ки дар айни ҳол ба коркади неруи барқ аз боду офтоб машғуланд. Дар кафедраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзии Донишкада омӯзиш ва истеҳсоли маҳсулоти табиию табобатӣ, аз қабили мураббо, қандмеваҳо ва афшураҳоро ба роҳ мондаанд.








Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад






