Истиқбол аз ҷашни Сарқонун
Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-4-уми ноябри соли равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд. Раиси кумитаи мазкур Хайрулло Ибодзода нақши Конститутсияро дар масири ташаккул ва тақвияти пояҳои давлатдории тозабунёди тоҷикон дар 23 соли Истиқлолияти давлатӣ муҳим ва созанда арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Президенти давлат Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он озодии инсон ва шаҳрвандро новобаста аз ҷинс, миллат, нажод, мазҳаб ва расму оин як хел кафолат медиҳад.Иштирокдорони чорабинӣ перомуни ба вуҷуд овардани роҳнамое чун Конститутсия дар давраи ҳассоси таърихӣ ва нақши он дар таҳкими давлатдорӣ сухан гуфтанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






