«Истиқлол» — соҳиби Ҷоми қаҳрамон
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- 12 ноябр даври 17 — уми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ бо ду вохӯрӣ анҷом ёфт.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе дар майдони худ бозиро бо ҳисоби 1:1 бо дастаи «Далерон» — и Истаравшан мусовӣ кард.
Баъди анҷоми вохӯрӣ маросими ба дастаи «Истиқлол» супурдани Ҷоми қаҳрамон барои пирӯзиаш дар мусобиқоти Тоҷикистон дар соли 2014 баргузор гардид. Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев мукофоти фахриро ба капитани «Истиқлол» Дилшод Восиев супурд.
Дар вохӯрии дигар дастаи «Хуҷанд» дастаи «Регар — ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карда, бо 32 хол дар ҷадвали мусобиқот ҷойи сеюмро касб намуд.
Тақдири медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар даври 18 -уми мусобиқот ҳал мешавад. 16 ноябр дастаи «Хайр» дар шаҳри Ваҳдат дастаи ССКА «Помир» — и пойтахтро қабул намуда, дастаи «Хуҷанд» дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастаи «Вахш» қувваозмоӣ менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






