Изҳороти сафири Молдова ба хабарнигорон

Ноябрь 20, 2014 14:11

Душанбе,  20.11.2014. (АМИТ «Ховар»,  Бекназари Абӯбакр).-  «Имрӯз  шарафманд будам, эътимодномаҳоеро, ки   маро  ба  ҳайси  сафири  Молдова  дар  Тоҷикистон  муаррифӣ  кардаанд,  ба Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҷаноби  Олӣ Эмомалӣ  Раҳмон супорам»,  —  гуфт  ба  журналистон  сафири Молдова  Андрей  Галбур  баъди  маросими  супурдани эътимодномаҳо.
Сафир  изҳори  боварӣ  намуд, ки пазируфтани  роҳбари   намояндагии  дипломатӣ,  хусусан  баъди  танаффуси  тӯлонӣ,  ба  муносибатҳои   дуҷониба қувваи  нав  бахшида, давоматро дар  сатҳи  равобити сиёсию  дипломатӣ таъмин  мекунад. «Аминам, ки   ҳамкории   байни  кишварҳоямон  дар   бахшҳои  мухталиф  минбаъд  ҳам  муваффақона  рушду  густариш  меёбад. Роҳбарони  сиёсии  кишварҳоямон имкон  медиҳанд, ки   муносибатҳо ба нафъи  ҳар  ду  давлат   ривоҷ  ёбанд», —   гуфт  А.Галбур.
«Мехоҳам қайд  намоям, ки Ҳукумати  Молдова   ба  муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳар  ду  кишвар  аҳамияти хоса зоҳир  менамояд, ки таъйини  сафир дар  кишвари  шумо  аз  ин  шаҳодат  медиҳад»,  —  афзуд  дипломат.
Э.Раҳмон  ва  А.Галбур  дар  ҷараёни мулоқот аз  рӯи  доираи  васеи  масоили   муносибатҳои  дуҷониба  муфассал  табодули  афкор  намуданд. Зикр  шуд, ки  на  ҳамаи неруи  мавҷудаи  муносибатҳои байни Тоҷикистону  Молдова  мавриди  истифода  қарор  мегиранд ва дар  ин  росто хоҳишу  омодагии ҳар  ду  ҷониб  барои  вусъат  бахшидани  муколама дар  ҳамаи  самтҳо   мавҷуд  аст. «Мо  масоили афзалиятноки  ҳамкории байни Ҷумҳурии  Молдова  ва  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  баррасӣ  намуда, аҳд  кардем, ки равобити  сиёсӣ,  иқтисодӣ ва гуманитарӣ вусъат  дода шавад. Мавзӯи   равобити  тиҷоратию  иқтисодӣ, ки мавзӯи авлавиятдори   муносибатҳои  дуҷонибаамон  ба шумор  меравад, бешубҳа,  аз ҷумлаи  мавзӯъҳои  асосӣ  буд. Мо аҳд  кардем, ки  имрӯз қувваҳои  асосӣ  маҳз ба  ҳамин  самт ҷалб  карда шаванд», —  иброз  дошт  сафир. 
Баъд  сафир  қайд  намуд, ки соли  ҷорӣ шартномаи  ҳамкорӣ бо Иттиҳоди  Аврупоро имзо  намудани Ҷумҳурии  Молдова, ки ташкили  минтақаи  савдои  озод бо Иттиҳоди  Аврупоро   пешбинӣ  менамояд, ба  ҳамаи  меъёрҳои Созмони умумиҷаҳонии  савдо  пурра  мувофиқат  карда ва  ба   ӯҳдадориҳои  Молдова дар ҳошияи  созишнома дар  бораи  савдои  озоди  ИДМ мухолифат  надорад. «Созишномаи  зикршуда ҳамкории  иқтисодии кишвари  моро  бо шарикони анъанавиаш, кишварҳои   фазои пасошӯравӣ, ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  ҷумлаи  онҳост, ба  ҳеҷ  ваҷҳ  халалдор  насохта ва дастрасиро  ба бозори нави дорои беш  аз ним  миллиард истеъмолкунанда  мекушояд. Бинобар ин  имрӯз  мо дуҷониба тасмим  гирифтем, ки соҳибкоронамон  бояд  аз  ин имкониятҳо  бархурдор  шаванд», —  тавзеҳ  дод  сафир. 
 

Ноябрь 20, 2014 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст