Изҳороти сафири Молдова ба хабарнигорон
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- «Имрӯз шарафманд будам, эътимодномаҳоеро, ки маро ба ҳайси сафири Молдова дар Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон супорам», — гуфт ба журналистон сафири Молдова Андрей Галбур баъди маросими супурдани эътимодномаҳо.
Сафир изҳори боварӣ намуд, ки пазируфтани роҳбари намояндагии дипломатӣ, хусусан баъди танаффуси тӯлонӣ, ба муносибатҳои дуҷониба қувваи нав бахшида, давоматро дар сатҳи равобити сиёсию дипломатӣ таъмин мекунад. «Аминам, ки ҳамкории байни кишварҳоямон дар бахшҳои мухталиф минбаъд ҳам муваффақона рушду густариш меёбад. Роҳбарони сиёсии кишварҳоямон имкон медиҳанд, ки муносибатҳо ба нафъи ҳар ду давлат ривоҷ ёбанд», — гуфт А.Галбур.
«Мехоҳам қайд намоям, ки Ҳукумати Молдова ба муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳар ду кишвар аҳамияти хоса зоҳир менамояд, ки таъйини сафир дар кишвари шумо аз ин шаҳодат медиҳад», — афзуд дипломат.
Э.Раҳмон ва А.Галбур дар ҷараёни мулоқот аз рӯи доираи васеи масоили муносибатҳои дуҷониба муфассал табодули афкор намуданд. Зикр шуд, ки на ҳамаи неруи мавҷудаи муносибатҳои байни Тоҷикистону Молдова мавриди истифода қарор мегиранд ва дар ин росто хоҳишу омодагии ҳар ду ҷониб барои вусъат бахшидани муколама дар ҳамаи самтҳо мавҷуд аст. «Мо масоили афзалиятноки ҳамкории байни Ҷумҳурии Молдова ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, аҳд кардем, ки равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ вусъат дода шавад. Мавзӯи равобити тиҷоратию иқтисодӣ, ки мавзӯи авлавиятдори муносибатҳои дуҷонибаамон ба шумор меравад, бешубҳа, аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосӣ буд. Мо аҳд кардем, ки имрӯз қувваҳои асосӣ маҳз ба ҳамин самт ҷалб карда шаванд», — иброз дошт сафир.
Баъд сафир қайд намуд, ки соли ҷорӣ шартномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупоро имзо намудани Ҷумҳурии Молдова, ки ташкили минтақаи савдои озод бо Иттиҳоди Аврупоро пешбинӣ менамояд, ба ҳамаи меъёрҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо пурра мувофиқат карда ва ба ӯҳдадориҳои Молдова дар ҳошияи созишнома дар бораи савдои озоди ИДМ мухолифат надорад. «Созишномаи зикршуда ҳамкории иқтисодии кишвари моро бо шарикони анъанавиаш, кишварҳои фазои пасошӯравӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост, ба ҳеҷ ваҷҳ халалдор насохта ва дастрасиро ба бозори нави дорои беш аз ним миллиард истеъмолкунанда мекушояд. Бинобар ин имрӯз мо дуҷониба тасмим гирифтем, ки соҳибкоронамон бояд аз ин имкониятҳо бархурдор шаванд», — тавзеҳ дод сафир.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






