Кабакчи ҳамтоёнашро ба «Шоми арӯс» даъват кард
Душанбе, 14.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Мустафо Кабакчи, раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Парлумони Туркия бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамтоёни тоҷики худро даъват намудааст, ки дар маҳфили фарҳангии «Шоми арӯсии Мавлоно», ки дар шаҳри Қуния баргузор мегардад, иштирок намоянд. Ҳамзамон ин вакили турк хостори таъсиси «Ҳафтаи Тоҷикистон» дар Парлумони Туркия ва ба роҳ мондани курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳои Туркия гардидааст.
Мустафо Кабакчи -раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Туркия бо Парлумони Тоҷикистон имрӯзҳо бо сафари корӣ бо гурӯҳи вакилон аз Парлумони Туркия Нуриддин Набатӣ, вакил аз шаҳри Истанбул ва Умар Суҳо, вакил аз шаҳри Мугла дар Тоҷикистон қарор доранд. Мустафо Кабакчи дар Душанбе бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Туркияро баррасӣ кард.
Ҳамзамон гурӯҳи вакилони Парлумони Туркия бо фаъолияти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон шинос гардида, аз осорхонаи Маҷлиси намояндагон дидан намуданд. Инчунин вакилони Парлумони Туркия ба шаҳрҳои Турсунзодаю Норак сафар намуда, аз корхонаи ТАЛКО ва неругоҳи барқии обии Норак боздид менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






